Ҷамъбандии арабӣ дар забони адабии тоҷикии қарнҳои XVIII ва XX (дар мисоли усули ҷамъбандии солими арабӣ)статья
Статья опубликована в журнале из перечня ВАК
-
Авторы:
Мирмухамедов О.Т.,
Ашрапов Б.П.
-
Журнал:
Вестник Таджикского национального университета. Серия филологических наук
-
Номер:
6
-
Год издания:
2021
-
Издательство:
Таджикский национальный университет
-
Местоположение издательства:
Душанбе
-
Первая страница:
53
-
Последняя страница:
59
-
Номер статьи:
6
-
Аннотация:
Дараҷаи корбурд ва вежагиҳои сарфии ҷамъбандии арабӣ дар забони адабии тоҷикии қарнҳои XVIII ва XX дар мисоли усули ҷамъбандии солими арабӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Собит гардидааст, ки категорияи шумора яке аз вежагиҳои боризи грамматикии исм буда, исм бо ин хусусият аз дигар ҳиссаҳои нутқ фарқ мекунад. Муаллифони мақола дар асоси методҳои қиёсию эҳсоӣ усули ҷамъбандии арабии “Туҳфат-ул-хонӣ»-и Муҳаммадвафои Карминагӣ (а.XVIII)-ро дар муқоиса бо “Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро”, “Таърихи амирони манғитияи Бухоро. Исёни Муқаннаъ” ва “Ғуломон”-и С.Айнӣ (а.XX) ба риштаи таҳлил кашидаанд. Дар ин ҷо зикри ин нукта муҳим аст, ки дар забони даврони омӯзиш ба ҷуз роҳу воситаҳои ҷамъбандии тоҷикӣ, ҳамчунин, усули ҷамъбандии арабӣ низ мавқеи меҳварӣ дорад. Ҳамаи вожаҳое, ки дар осори қиёсшаванда бо тарзи ҷамъбандии арабӣ сурат гирифтаанд, чун анъана бо ду роҳ амалӣ мегарданд: а) ҷамъбандии дуруст ё “ҷамъбандии солим”; б) ҷамъбандии нодуруст ё “ҷамъбандии шикаста”. Қайд карда шудааст, ки пасванди ҷамъбандии -ин дар забони асри XX роиҷ буда, аммо дар забони адабии тоҷикии асри XVIII бошад, ваҷҳи корбурди он маҳдудтар гаштааст. Пасванди ҷамъбандии -от ҳам дар забони адабии муосири тоҷикӣ ва ҳам дар забони даврони омӯзиш яке аз унсурҳои ҷамъбандии фаъолу маъмул ба ҳисоб меравад, ки муаллифони осори мавриди қиёс ин пасвандро дар мавридҳои алоҳида истифода намудаанд, Хулоса карда шудааст, ки таҳлили имконоти усули ҷамъбандии арабӣ дар забони давраҳои мавриди қиёс шаҳодат аз он медиҳад, ки доираву ваҷҳи корбурд ва хасоиси сарфии унсурҳои ҷамъсозии арабӣ васеъ будаанд, яъне онҳо метавонистаанд на фақат исмҳои арабиасл, балки вомвожаҳои туркӣ, чиғатойӣ, юнонӣ ва русиро ҷамъ созанд, бахусус вомвожаҳои туркӣ ва чиғатойӣ.
-
Добавил в систему:
Ашрапов Баходурджон Пулотович